Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд.
Қабл аз оғози гуфтушунид Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров аз толорҳои зебову барҳавои бинои нави Парламент – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Сипас, меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар Китоби меҳмонони фахрии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соядасти худро гузошт.
Дар оғози мулоқот, нахуст Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ба тавсеаи муколамаи байнипарламентӣ ва ҳамкории амалии Маҷлиси миллӣ бо Жогорку Кенеш таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Ҷонибҳо аз тамоили мусбати рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, талошҳои созандаи Сарони ду давлатро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи равобити ҳасанаи кишварҳо ва мардумони бародари тоҷику қирғиз зикр намуданд.
Дар ин зимн ҷонибҳо ба имзои санади таърихӣ – Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ, ки дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон моҳи марти соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, баҳои баланд доданд.
Зимни суҳбат доираи васеи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муфассал баррасӣ карда шуд.
Зарурати андешидани тадбирҳои босамар дар доираи Шӯрои байниҳукуматӣ ҷиҳати густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, таъкид гардид.
Ҳарду ҷониб таҳкими алоқаҳоро дар бахшҳои фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон муҳим шумориданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ барои рушди босифати ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ тавассути истифодаи самараноки зарфиятҳои ду кишвар заминаҳои нави мусоид фароҳам хоҳанд овард.
Истифодаи ҳарчи бештари неруи ҳамкориҳои байнипарламентӣ барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои ду кишвар ба манфиати мардумони бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, зарур шуморида шуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Муҳтарам Ален Робертович,
Шуморо бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Арманистон самимона табрик мегӯям!
Тоҷикистон ба густариши равобити байнипарламентӣ, аз ҷумла тавассути гурӯҳҳои парламентии дӯстии кишварҳоямон ва таҳкими ҳамкории ҳамаҷонибаи неки ҳамсоягӣ дар асоси баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми ҳамдигар аҳамияти хос медиҳад.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо муҳтарам Ален Робертович саломатии бардавом, дар фаъолияти парламентиатон муваффақият ва ба халқи дӯсти арман сулҳу шукуфоӣ таманно дорам.
Бо эҳтиром,
Рустами Эмомалӣ
Муҳтарам Наталя Ивановна
Шуморо бо ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Беларус самимона табрик мегӯям.
Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Беларус дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиёт, илм, фарҳанг ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.
Мо ба муносибатҳои дӯстона ва амалие, ки байни кишварҳо ва парламентҳои мо роҳандозӣ гардидаанд, баҳои баланд медиҳем. Итминон дорем, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ ба таҳкими равобити анъанавии гарму эътимодбахши Тоҷикистону Беларус мусоидат хоҳад кард.
Ба Шумо, муҳтарам Наталя Ивановна, саломатии бардавом, дар фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақият ва ба мардуми дӯсти Беларус сулҳу осоиш, беҳбудӣ ва шукуфоӣ орзумандам.
Бо эҳтиром,
Рустами Эмомалӣ
Ҳамватанони азиз!
Сокинони шарафманди пойтахт!
Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ аз бузургтарин дастовардҳои давлатдории навини мо маҳсуб меёбад, ки ҳамасола ҳамчун ҷашни умумимиллӣ 27-уми июн бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил мешавад. Ба ин муносибат тамоми сокинони ватандӯсти кишварамонро самимона табрик менамоям!
Маврид ба зикри хос аст, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таъмини сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ бо талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва барои миллати мо рӯйдоди муҳимми таърихӣ мебошад.
Маҳз ваҳдати миллӣ Тоҷикистони азизамонро ҳамчун кишвари амну осоишта дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишвари ташаббускору созанда ва пешоҳанги сулҳ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра саҳмгузор аст.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки самараи дипломатияи сулҳофарии Пешвои миллат мебошад, на танҳо омили наҷоти миллати тоҷик, балки ҳамчун таҷрибаи нодири ҳалли мухолифату низоъҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.
Хотирнишон месозам, ки ваҳдати миллӣ барои кишвари ҷавони мо ба як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз табдил ёфта, моро зарур аст, ки баҳри таҳкиму устувории минбаъдаи он дар ҳамбастагӣ тамоми нерӯи зеҳнии хешро равона созем.
Бори дигар, Рӯзи Ваҳдати миллиро ба тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, саодати рӯзгор ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона ва ояндаи дурахшонро орзу менамоям!
Ҷашни Ваҳдати миллӣ фархунда бод, ҳамдиёрони азиз!
Муҳтарам Валентина Ивановна,
Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи Россия пазиро бошед!
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои мустаҳкам ва гуногунҷанбаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймониро бо Федератсияи Россия, ки ба пайванди мустаҳками дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамсоягии нек асос ёфтааст, баланд арзёбӣ менамоянд.
Рушди муттасили муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсияро бо қаноатмандӣ зикр менамоям. Боварӣ дорам, ки ҳамкории босамари мо минбаъд низ ба манфиати мардумони кишварҳоямон фаъолона вусъат меёбад.
Ба Шумо, муҳтарам Валентина Ивановна, саломатии бардавом, саодатмандӣ, дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон муваффақиятҳои минбаъда ва ба мардуми Россия сулҳ, устуворӣ ва шукуфоӣ орзумандам.
Бо эҳтиром,
Рустам Эмомалӣ